Ҳуҷҷатҳо
Сиёсати Ҳифзи Маълумоти Шахсӣ
Ин Сиёсати Ҳифзи Маълумоти Шахсӣ (минбаъд “Сиёсат”) тартиби ҷамъоварӣ, коркард ва нигоҳдории маълумоти шахсиро, ки аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии “Ҷуръат”, тавассути вебсайти www.ekhonish.tj ҳангоми истифодаи Барномаи Мобилӣ ва Вебсайти eKhonish гирифта мешавад, муайян мекунад.
Бо истифода аз Барномаи мобилӣ ва Вебсайти eKhonish, шумо розигии худро бо шартҳои пешбинишуда дар ин Сиёсат ва бо тарзи коркарди маълумоти шахсии худ тасдиқ мекунед. Агар шумо бо ягон қисми ин Сиёсат розӣ набошед, лутфан аз истифодаи Барномаи мобилӣ ва Вебсайти eKhonish худдорӣ намоед.
Маъмурияти eKhonish назорат ё масъулияти мундариҷа ва фаъолияти сомонаҳои тарафи сеюмро, ки метавонанд аз тариқи Вебсайт ё Барномаи мобилӣ пайванд дошта бошанд, ба уҳда намегирад ва барои истифодаи онҳо аз ҷониби корбар низ ҷавобгар нест.
Илова бар ин, Маъмурияти eKhonish уҳдадор нест, ки дурустии маълумоти шахсии пешниҳодкардаи корбаронро тасдиқ намояд.
1.Мафҳумҳо
Барои мақсадҳои ин Сиёсат, мафҳумҳои зерин чунин шарҳ дода мешаванд:
- Маъмурияти eKhonish
- Ташкилоти ҷамъиятии “Ҷуръат”, ки кормандони ваколатдор масъули идоракунии Вебсайт ва Барномаи мобилӣ, коркарди маълумоти шахсӣ, муайян кардани ҳадаф ва усулҳои коркард, инчунин таъмини риояи қонунгузорӣ ва амнияти иттилоотӣ мебошанд.
- Вебсайт
- Системаи ERP-и бисёрсоҳа барои соҳаи маориф, ки барои автоматизатсия ва оптимизатсияи равандҳои маъмурӣ ва таълимӣ дар муассисаҳои таълимӣ бо мақсади баланд бардоштани самаранокӣ ва назорат таҳия шудааст.
- Барномаи мобилии eKhonish
- Барнома барои дастгоҳҳои мобилии дорои системаи iOS ва Android, ки дастрасии корбарро ба хидматҳои eKhonish таъмин мекунад.
- Маълумоти шахсӣ
- Ҳар гуна маълумоте, ки ба шахси воқеӣ бевосита ё бавосита дахл дорад, аз ҷумла: ном, насаб, суроғаи зист, рақами телефон, суроғаи почтаи электронӣ ва маълумоти монанд.
- Коркарди маълумоти шахсӣ
- Ҳар амалиёт ё маҷмӯи амалиётҳо бо маълумоти шахсӣ бо истифодаи воситаҳои автоматикӣ ё бидуни онҳо, аз ҷумла: ҷамъоварӣ, сабт, систематизатсия, нигоҳдорӣ, навсозӣ, ислоҳ, дастрасӣ, истифода, интиқол, паҳнкунӣ, маҳдудсозии дастрасӣ ё нобудкунӣ.
- Маҳрамияти маълумоти шахсӣ
- Уҳдадории Маъмурияти eKhonish ё шахсони ваколатдор, ки дастрасӣ ба маълумоти шахсӣ доранд, аз ифшо ё интиқоли маълумот ба шахсони сеюм бидуни розигии корбар худдорӣ намоянд, агар инро қонун талаб накунад.
- Корбар
- Шахсе, ки тавассути интернет ба Вебсайт ва/ё Барномаи мобилии eKhonish дастрасӣ дошта, онро бо мақсадҳои шахсӣ истифода мебарад.
- Довталаб/Шогирд
- Шахсе, ки расман ба муассисаи таълимӣ барои таҳсилоти умумӣ ё касбӣ тибқи барномаи таълимӣ қабул шудааст.
2.Мавзӯи Сиёсат
Ин Сиёсат уҳдадориҳои Маъмурияти eKhonish-ро оид ба ҳифзи маълумоти шахсии корбарон ва нигоҳдории махфияти он муайян менамояд. Маълумот аз ҷониби корбар ҳангоми бақайдгирӣ ё истифодаи доимии Вебсайт ва Барномаи мобилӣ пешниҳод мегардад.
Маълумоти шахсӣ, ки тибқи ин Сиёсат коркард мешавад, иборат аст аз:
- Ному насаби пурраи корбар
- Рақами телефони тамос
- Почтаи электронии корбар (агар мавҷуд бошад)
Илова бар ин, система метавонад маълумоти зеринро, ки аз тарафи муассисаҳои таълимӣ пешниҳод шудааст, барои фаъолияти дурусти системаи ERP коркард намояд:
- Акси довталаб
- Ҷинс
- Санаи таваллуд
- Суроға ва маълумоти тамос
- Маълумоти таълимӣ (санаи қабул, нишондиҳандаҳои таълимӣ, шакли таҳсил, синф, фаъолиятҳои иловагӣ, натиҷаҳои солона)
Маъмурияти eKhonish инчунин маълумоти техникиро ҳангоми истифодаи Вебсайт ва Барномаи мобилӣ ҷамъоварӣ ва муҳофизат менамояд:
- Суроғаи IP-и дастгоҳ
- Маълумоти файлҳои хурди иттилоотӣ (cookies)
- Замони дастрасӣ
- URL-и саҳифаи диданшуда
- Referrer (URL-и саҳифаи қаблӣ)
Таваҷҷӯҳ: Хомӯш кардани cookies метавонад дастрасии шуморо ба баъзе функсияҳои Вебсайт ё Барномаи мобилӣ, ки воридшавиро талаб мекунанд, маҳдуд созад. Истифодаи маълумоти IP барои ташхиси техникӣ ва таъмини амнияти амалиётҳои молиявӣ зарур аст.
Ҳамаи маълумоти дигаре, ки дар боло зикр нашудааст, маҳрамона нигоҳ дошта мешаванд ва танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё тибқи ин Сиёсат ифшо карда мешаванд.
3.Ҳадафҳои Ҷамъоварии Маълумоти Шахсӣ
Маъмурияти eKhonish метавонад маълумоти шахсии корбарро барои ҳадафҳои зерин истифода барад:
- Таъмини дастрасии корбар ба Вебсайт ва Барномаи мобилӣ;
- Муайян кардани шахсияти корбар;
- Тамос бо корбар, аз ҷумла ирсоли огоҳиномаҳо, дархостҳо ва паёмҳо вобаста ба истифодаи хидматҳо;
- Санҷиши дуруст ва мувофиқати маълумоти пешниҳодшуда;
- Огоҳонидани корбар дар бораи раванди таҳсили довталаб тибқи шартномаҳо;
- Коркард ва ҳуҷҷатгузории амалиётҳои молиявӣ ва ҳалли баҳсҳои марбут;
- Пешниҳоди кӯмаки техникӣ ва дастгирии муштариён;
- Ирсоли навсозиҳо, пешниҳодҳо, нархномаҳо ва дигар мавод — танҳо бо розигии корбар;
- Таъмини дастрасӣ ба хидматҳои тарафи сеюм, вобаста ба кори Вебсайт ё Барномаи мобилӣ.
4.Усулҳо ва Давомнокии Коркарди Маълумот
Маълумоти шахсӣ тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз усулҳои қонунии коркард ба тариқи худкор ва бе он дар доираи платформаи eKhonish коркард мешавад.
Корбар розӣ аст, ки Маъмурияти eKhonish метавонад маълумоти шахсиро ба шахсони сеюм, аз ҷумла хадамоти почта ё оҷонсиҳои иттилоотӣ (дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон), интиқол диҳад, агар он барои расонидани хидмат зарур бошад.
Интиқоли маълумот ба мақомоти давлатӣ танҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун сурат мегирад.
Дар сурати гум шудан ё ифшои маълумоти шахсӣ, Маъмурияти eKhonish дар муддати кутоҳ ба корбар хабар медиҳад.
Маъмурият чораҳои лозимии ташкилӣ ва техникиро барои ҳимояи маълумоти шахсӣ аз дастрасии ғайриқонунӣ ё тасодуфӣ, нобудсозӣ, тағйирёбӣ, нусхабардорӣ, паҳнкунӣ ё дигар амалҳои ғайриқонунӣ амалӣ менамояд.
Ҳар ду ҷониб — Маъмурият ва Корбар — уҳдадоранд, ки барои пешгирии зарар ё оқибатҳои манфӣ дар натиҷаи ифшои маълумот ҳамкорӣ намоянд.
5.Уҳдадориҳои Ҷонибҳо
Уҳдадориҳои Корбар:
- Пешниҳоди маълумоти дақиқ ва пурра барои истифодаи Вебсайт ва Барномаи мобилӣ;
- Навсозӣ ва ё пурра кардани маълумот дар ҳолати тағйир;
- Риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ.
Уҳдадориҳои Маъмурият:
- Нигоҳ доштани махфияти маълумоти шахсӣ ва ифшо накардани он бидуни розигии хаттии корбар (ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонун);
- Татбиқи тадбирҳои амниятӣ барои ҳимояи маълумоти шахсӣ;
- Маҳдудсозии истифодаи маълумот бо дархости корбар, намояндаи ӯ ё мақомоти дахлдор дар ҳолати нодуруст будан ё қонуншикании эҳтимолӣ;
- Нобудсозии маълумоти шахсӣ бо дархости расмии корбар ё намояндаи ӯ.
Муҳим: Нобуд кардани маълумоти шахсӣ тибқи ин Сиёсат асос барои қатъ кардани шартномаи хизматрасонӣ мебошад. Ин амал бояд бо дархости хаттии якҷоя аз ҷониби корбар ва муассисаи таълимие, ки маълумотро пешниҳод кардааст, сурат гирад.
6.Тартиби Ҳаллу Фасли Баҳсҳо
Пеш аз муроҷиат ба суд барои ҳалли баҳсҳо байни корбар ва Маъмурияти eKhonish, тарафҳо бояд кӯшиш намоянд, ки баҳсро бо роҳи муросо ҳал кунанд ва мактуби хаттӣ пешниҳод намоянд.
Тарафе, ки шикоятро қабул мекунад, уҳдадор аст дар давоми 30 рӯзи тақвимӣ посухи хаттӣ пешниҳод намояд.
Агар муросо имконпазир набошад, баҳс дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суд баррасӣ мегардад.
Ин Сиёсат ва тамоми муносибатҳои байни Корбар ва Маъмурияти eKhonish тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегарданд.
7.Шартҳои Иловагӣ
Маъмурияти eKhonish ҳуқуқ дорад ин Сиёсати Ҳифзи Маълумоти Шахсиро бидуни огоҳии пешакӣ тағйир диҳад.
Истифодабарандагон дар бораи тағйирот тавассути пуш-огоҳиномаҳо дар Барномаи мобилӣ огоҳ карда мешаванд.
Нусхаи навшудаи Сиёсат пас аз нашр дар Вебсайт ва Барномаи мобилӣ ба иҷро медарояд.
Барои пешниҳодҳо ё саволҳо, лутфан бо мо тамос гиред:
- Почтаи электронӣ
- support@ekhonish.tj
- Телефон
- +992 502 00 92 93
- Ташкилот
- Ташкилоти ҷамъиятии «Ҷуръат»
- Суроға
- кӯчаи Камоли Шариф, хонаи 2, шаҳри Бохтар, Ҷумҳурии Тоҷикистон